- рафтан
- [رفتن]1. қадам бардошта роҳӣ шудан; муқоб. истодан, равона гардидан; муқоб. омадан2. ҷой ва макони худро дигар кардан, кӯчидан, сафар кардан3. гузаштан, сипарӣ шудан, тай шудан4. баромадан, хориҷ шудан5. сарф шудан6. давом кардан, идома доштан, ба вуқӯъ пайвастан, рӯй додан7. мурдан8. дар феълҳои таркибӣ ба ҷои шудан ва кардан меояд: ба ғорат рафтан, барбод рафтан, хоб рафтан; рафта истодан дар ҳини рафтан будан; берун рафтан баромадан, хориҷ шудан; гумон рафтан пиндоштан, тахмин кардан; аз даст рафтан гум (нест) шудан; дил рафтан ба чизе сахт майл ва рағбат пайдо шудан ба чизе; аз дунё рафтан мурдан; аз ёд рафтан фаромӯш шудан; аз миён рафтан барҳам хӯрдан, нест шудан; об рафтан аз чашм ҷорӣ шудани ашк; (ба) пинак рафтан дар ҳолати нимхобу нимбедорӣ будан, ғанаб кардан; роҳ рафтан роҳ гаштан; сарфаҳм рафтан фаҳмидан, дарёфтан, дарк кардан; фурӯ рафтан ба таги об ғӯтидан, ғуруб кардан (Офтоб, Моҳ); пеш аз фурӯ рафтани Офтоб; чашм сиёҳ рафтан сахт ошуфта ва ҳайрон шудан, дар пеши назар чизеро надида мондан (аз ҳаяҷон ё сабаби дигар); ба хаёл рафтан ғарқи фикру хаёл гардидан; ба хато рафтан (тир) ба ҳадаф нарасидан; аз худ рафтан мағрур (худписанд) шудан, касонро писанд накардан; хун рафтан ҷорӣ шудани хун аз ягон ҷои бадан; ба ҳаво рафтан пучу бесамар гардидан, ҳадар шудан; аз ҳол рафтан бемадор шудан, бетобу тавон гардидан; аз худ рафтан беҳуш шудан, ғаш кардан; аз мо чӣ меравад… ба маънои «аз карнайчӣ як пуф»; даст ба кор нарафтан ба иҷрои кор майлу рағбат надоштан; рафту (раваду)… мабодо…, балки… гирем, ки…, фарз кунем, ки…
Толковый словарь таджикского языка (в 2 томах). — Душанбе, НИИ языка и литературы им. Рудаки. Под редакцией Сайфиддина Назарзода. 2008.